Аз талафи чорво то масдуд шудани чандин роҳ: КҲФ хисороти селро шарҳ дод

Сел ба чандин деҳа дар навоҳии Рашту Лахш ва Нуробод хисорот овард. Аз ҷумла чорвои сокинон талаф ёфту роҳҳои мошингарду байнимаҳаллӣ масдуду хароб гардиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Аз нисфирӯз то бегоҳи бевақти 14 июн дар чандин ноҳияҳои ҷумҳурӣ селфароӣ сурат гирифт, ки дар пай ба сокинон хисорот овард, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Бар хабари манбаъ, нахуст сел дар ҳудуди деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш фаромад, ки дар натиҷа 350 метр роҳи мошинград шуста шуда, ду сутун ва ҳудуди 300 метр сими барқро хароб кард. КҲФ мегӯяд, ҳоло корҳои бартарафсозии ин офати табиӣ идома дорад.
Селобҳои ахир дар Тоҷикистон ҷони як танро гирифтаву хонаҳоро зери лой кардааст
Зимнан, дар деҳаи Нимиҷи Рашт низ сел омад, ки дар натиҷа 5 бинои истиқоматӣ, 3 бинои ёрирасон осеб дида, 20 қитъаи наздиҳавлигӣ, 5 га замини кишоварзӣ зери об монд.
Илова бар ин, 10 сар чорвои калони шохдор ва 20 сар чорвои майда талаф ёфт.
"Дар ҳоли ҳозир комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят дар ҷои ҳодиса кор бурда, ҳаҷми хисороти расида муайян карда мешавад", - омадааст дар хабари КҲФ.
Манбаъ меафзояд, бар асари боришоти шадид дар деҳаи Яхчи ноҳияи Нуробод низ сел омад, ки дар натиҷа роҳи байнимаҳаллаҳо масдуд шуд. Инчунин селоба қитъаҳои роҳи Лаби Ҷар-Сангворро дар километрҳои 9, 27, 39 ва 55-ро пӯшонд, ки дар натиҷа ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин масир номумкин гардид.
КҲФ мегӯяд, хадамоти роҳи автомобилгарди Вазорати нақлиёт феълан ба тоза кардани ин қитъаи роҳ машғул аст. Манбаъ таъкид намуд, ки бар асари селфароӣ дар ин чанд навоҳӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.