Супориши Раҳмон ба ҳукумат: Ба зимистонгузаронӣ хуб омода шавед

Раисҷумҳури Тоҷикистон барои омодабошӣ ба маъракаи зимистонгузаронӣ, захираи кофии маводи сӯзишворӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва ғайра супоришҳо дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июн – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Ҳукумати мамлакат, раисони ВМКБ, Суғд, Хатлон ва Раиси шаҳри Душанбе, инчунин роҳбарони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ машварати корӣ баргузор кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар кори машварат масъалаҳо вобаста ба рушди бахшҳои иқтисоди миллӣ, омодагии ҳамаҷониба ҷиҳати дар сатҳи баланди тадорукотӣ баргузор намудани як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ, вусъати корҳои ободонӣ ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар тадбирҳои ободонию созандагӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ин ҷаласа кишвардори Тоҷикистон ба Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президент, вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳои ба нақша гирифташуда, супориш дод.
Раҳмон боигарии асоситарини Тоҷикистонро гуфт
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба омодабошӣ ба маъракаи зимистонгузаронӣ, захираи кофии маводи сӯзишворӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва ғайра таваҷҷуҳи хос кард ва супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, раҳбари Тоҷикистон ба кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохторҳои марбута барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани таътили тобистона ва таъмини амнияту бехатарии кӯдакон супоришҳои мушаххас дод.