ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Русия феҳристи касбу кор ва ихтисосҳои хориҷиёнро, ки ҳаққи гирифтани шаҳрвандиро доранд, ба таври сода васеъ кардааст.
Ҳуҷҷати дахлдорро Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Русия тасдиқ намудааст.
Дар руйхати касбҳо бинокорон, кормандони тиб, деҳқон, муаллим, рӯзноманигор, муҳандис ва дигарҳо қарор доранд. Дар маҷмӯъ, ба рӯйхат 203 ихтисос дар 14 бахш дохил карда шудааст.
Вазорати меҳнат ҳамчунин феҳристи касбҳоеро барои шаҳрвандони хориҷие, ки "аз рӯи ихтисосашон кор мекунанд, квота барои додани шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси раводид ё иҷозатномаи кор ба Федератсияи Русия меоянд, татбиқ намегардад"-ро тасдиқ кард. Ин рӯйхат 192 мавқеъро дар бар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки тағйирот ба қонун “Дар бораи шаҳрвандӣ” коҳиш додани мӯҳлати будубош дар Федератсияи Русияро барои дарёфти ҳуҷҷати шаҳрвандӣ ба таври содашуда пешниҳод мекунад.
Дар тарҳи қонун ҳамчунин коҳиши шумори талабот ба беш аз 20 тоифаи ашхос ҳангоми қабул шудан ба шаҳрвандии Русия пешбинӣ шудааст.