Дар Хоруғ Маркази фарҳанги Русия боз мешавад

Ба ғайр аз Тоҷикистон Эҳтимоли таъсиси намояндагиҳои нави “Россотрудничество” дар Қазоқистон ва Белорус низ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Раҳбари “Россотрудничество” Евгений Примаков гуфт, имкон дорад дар Хоруғ Маркази фарҳангии Русия ифтитоҳ шавад.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир ин масъала дар Вазорати молияи Русия ҳамоҳанг мешавад.
"Мо ба ифтитоҳи намояндагиҳои нав умед дорем", - таъкид кард роҳбари “Россотрудничество”.
Оқои Примаков дар мусоҳиба бо нашрияи "Известия" гуфт, дар ҳоли ҳозир барои таъсиси намояндагиҳои ин созмон бо ҳукумати Қазоқистон низ музокирот дорем.
Вай тавзеҳ дод, "ғайр аз пойтахти Остона, дар чанд шаҳр намояндагиҳои мо вуҷуд доранд, ки дар консулгариҳо ҳамчун як шӯъба амал мекунанд, аммо онҳо расман марказҳои фарҳангӣ ҳисобида намешаванд."
Дар Русия ба муҳоҷирон тариқи онлайн забони русӣ меомӯзонанд
Ғайр аз ин дар Гомели Белоруссия ҳамин гуна музокирот давом дорад.
Ёдовар мешавем, ки авоили моҳи июн дар Тоҷикистон “Рӯзҳои Пушкин” - чорабиниҳо бахшида ба зодрӯзи шоир баргузор шуд.
Ҷашни шеър дар хонаҳои русии Хуҷанд ва Душанбе баргузор шуданд, ки дар он хонандагони мактабҳои ба номи Гагарин ва Чехов, донишҷӯён, ғолибони озмуни хониш ва намояндагони ҷамъиятҳо ҷамъ омада буданд.