Захира кунед: Дар Хуҷанд об намешавад

Сухангуи раиси шаҳри Хуҷанд аз сокинон хоҳиш кард, ки обро захира кунанд, чун ба далели корҳои таъмирӣ барои чанд муддат интиқоли об дар шаҳр қатъ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд барои як муддати муайян интиқоли оби ошомиданӣ қатъ карда мешавад.
Дар ин бора сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд Маъмур Юсуфзода хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ интиқоли оби ошомоданӣ дар Хуҷанд бинобар бартараф намудани садамаи қубури оби нӯшокӣ қатъ мегардад.
Ҳамин тавр аз соати 8:00-и санаи 15 июн то анҷоми ёфтани корҳои бартарафкунии садама анҷом меёбад.
“Дар иншооти обтаъминкунии №2 интиқоли оби Хуҷанд аз соати 8:00-и санаи 15 июн то анҷоми ёфтани корҳои бартарафкунии садама дар микроноҳияҳои 31 ва 34-и шаҳри Хуҷанд интиқоли оби ошомиданӣ муваққатан қатъ мегардад”, - таъкид кардааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи мақомоти шаҳри Хуҷанд аз сокинони хоҳиш кардаааст, ки барои эҳтиёҷоти худ обро захира намоянд.
Раҳмон ба зарурати андешидани чораҳои фаврӣ дар бахши об таъкид кард
Қаблан КВДК "Хуҷандобуканал" нархи оби ошомиданӣ ва канализатсияро 20% боло бурд. Тарофаҳои нав аз 1 майи соли 2023 эътибор пайдо карданд.
Масъулин сабаби тағйири нархҳоро дар боло рафтани қимати нерӯи барқ ​​ва сӯзишворӣ шарҳ дод.
Бояд гуфт, ки "Хуҷандобуканал" ахолии шахри Хучанд ва як кисми ахолии нохияи Бобочон Гафуровро бо оби нушокй таъмин мекунад.