ИДМ аз рӯи шумораи шартномаҳои бо асъори миллӣ басташуда бо Русия пешсаф аст

Муовини нахуствазири Федератсияи Русия таъкид кард, ки Русия низ бо кишварҳои дигар дар мавриди таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ бо ҳамин шартҳо музокира мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Бештар аз ҳама муомилот бо асъори миллӣ оид ба интиқол ба хориҷи Русия бо кишварҳои ИДМ, инчунин бо Эрон, Сурия ва Миср анҷом дода мешавад.
Дар ин бора Виктория Абрамченко, муовини нахуствазири Федератсияи Русия дар Ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург изҳор дошт.
"Танҳо дар соли ҷорӣ бо асъори миллӣ зиёда аз 750 шартнома оид ба ғалла, равған ва шакар баста шуд, ки ин 1,5 миллион тонна маҳсулотро ташкил медиҳад", - гуфт ӯ.
Абрамченко дар мусоҳиба бо РИА "Новости" таъкид кард, ки авлавият интиқол бо ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ аст ва ҳаҷми онҳо афзоиш меёбад.
"Агар дар бораи ғалла сухан ронем, пас дар 4 моҳи аввали соли равон беш аз 5 дарсади содирот ба асъори миллӣ рост меояд", - афзуд муовини сарвазири Русия.
Лавров гуфт, ки Русия бо кадом кишварҳо бо пули миллӣ тиҷорат хоҳад кард
Вай ҳамчунин қайд кард, ки кишвар бо дигар давлатҳо дар мавриди таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ бо ҳамин шартҳо гуфтушунид дорад.
"Мо бо кишварҳои дӯст дар ҷараёни музокирот ҳастем. Дар маҷмӯъ, содироти маҳсулоти кишоварзии мо ба 160 кишвари ҷаҳон аст",- гуфт, Абрамченко.
Номбурда қаблан гуфта буд, ки Туркия созишномаи пардохти ғалла бо рублро бомуваффақият анҷом додааст.
Вай инчунин таваҷҷуҳи худро ба он ҷалб кард, ки Федератсияи Русия дар масъалаи интиқоли ҳамон чунин мавод ба Миср кор мекунад.
Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз14 то 17 июн давом мекунад.