ДУШАНБЕ, 13 июн – Sputnik. Украина ҳангоми ҳамлаи ҷавобӣ 160 танк ва 360 мошини чархдори зиреҳпӯшро аз даст дод ва ин танҳо техникаҳое, ки Маскав мебинад, гуфт Раисҷумҳури Русия Владимир Путин.
"Дар мавриди мошинҳои чархдори зиреҳпӯш бошад, талафот боз ҳам бештар. Дар ин муддат онҳо беш аз 160 танк ва беш аз 360 мошинҳои зиреҳпӯши навъҳои гуногунро аз даст доданд. Ин аст он чизе ки мо мебинем. Ҳанӯз талафот низ ҳаст. Талафот аз силоҳҳои дақиқи дурпарвоз ба сарбозону техникаҳо расонида мешавад. Бояд гуфт, ки дар воқеъ, талафот аз ҷониби Украина аз ин ҳам бештар аст", - гуфт Путин дар мулоқот рӯзноманигорон.
Вай афзуд, ки ҳанӯз ҳам талафотҳое ҳаст, ки мо онро намебинем.
"Тибқи ҳисобҳои ман, ин тақрибан 25 ё шояд 30 дарсади ҳаҷми таҷҳизоте, ки аз хориҷи кишвар оварда шуда буд, нобуд карда шуд. Ба назари ман, агар онҳо воқеъбинона ҳисоб кунанд, ба ин оморҳои мо розӣ мешаванд, тавре ман мушоҳида карда аз манобеи озод ва ғарбӣ онҳо ҳам ба ҳамин боваранд. Ман фикр мекунам. Ҳамла идома дорад ва натоиҷи он то имрӯз ҳамон чизест, ки ман дар бораи он гуфтам", - гуфт президенти Русия.
Рӯзи 9 июн Путин эълом кард, ки ҳамлаи Украина оғоз шудааст. Вай гуфт истифодаи захираҳои стратегӣ аз оғози ҳамлаи Украина шаҳодат медиҳад. Аммо ба гуфтаи ӯ, нирӯҳои украинӣ ба далели ҷасорати сарбозони рус ва ташкили ҳимояти дурусти нирӯҳо дар ҳеҷ бахш ба ҳадафҳои худ расида натавонистанд.
“Тамоми кӯшишҳои Киев ноком шуданд, аммо иқтидори ҳамлаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина то ҳол боқӣ мондааст”, - гуфт Владимир Путин.