ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Миллиардери амрикоӣ Илон Маск дар Twitter-аш дар бораи аз даст додани танкҳои олмонии Leopard-2 аз ҷониби артиши Украинаро шарҳ дод.
Асосгузори SpaceX ва Tesla вокуниши яке аз корбарони шабакаи иҷтимоиро шарҳ дод. Схуан дар он дар бораи муовини вазири корҳои хориҷии Украина Андрей Мелник меравад, ки аз Олмон талаби бештар ҷудо намудани танкҳои Leopard 2-ро намуда буд. Корбар қайд намдааст, ки "аз рӯи наворҳои дар Twitter рӯзҳои охир баромада ба назар мерасад, Leopard-ҳо ба пора-пора мешаванд".
Муаллиф менавишад, ки артиши Украина барои истифода аз чунин танкҳо ба таври кофӣ омӯзонида нашудааст ва бар ин назар аст, ки таъминоти эҳтимолии нав беҳуда хоҳад буд.
"Теъдоди ками танкҳо бо силоҳҳои зиддитанкӣ ва минаҳо ба осонӣ нобуд карда мешаванд",- навиштааст Маск дар шарҳи зери навиштаи корбар. Ба гуфтаи соҳибкор, бояд “ё бисёр” бошад ё “набошад”.
Ба гуфтаи Алексей Резников, вазири дифои Украина, то охири моҳи май кишварҳои ғарбӣ ба Киев ҳудуди 60 танки Leopard 2 интиқол додаанд.
Дар моҳи феврал вазорати иқтисоди Олмон низ содироти то 178 танки Леопард 1А5 ба Украинаро иҷоза дод.
Рӯзи шанбе вазорати дифои Русия хабар дод, ки чаҳор Leopard-2 ҳангоми кӯшиши ҳамла дар самтҳои Южнодонетск ва Запороже нобуд шуданд ва рӯзи якшанбе се мошини дигар аз байн бурда шуданд.
Панҷшанбеи гузашта ин идора дар бораи нест кардани се тонки Олмон ва рӯзи сешанбеи гузашта ҳашт танк хабар дода буд.