Операи "Кармен" дар театри ба номи Айнӣ: бозгашти шоҳкорӣ ба саҳна

Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ асари афсонавии Жорж Бизеро пас аз даҳсолаҳо аз намоиши охирин, дигарбора ба саҳна гузошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Операи "Кармен" пас аз 10 сол ба саҳнаи тоҷик баргашт.
Асари афсонавии Жорж Бизе аз сахнаи Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнй пешкаши ҳаводоронаш шуд.
Намоиши кунунӣ аз ҷиҳати муҳтаво монанд ба замони шӯравӣ буда аз гузинаи русзабони солҳои 80-90-уми асри XX реша гирифтааст.
Аммо ин дафъа саркоргардони театр, хатмкардаи ГИТИС Сӯҳроб Усмонов тасмим гирифт, ки асарро бо забони аслӣ ба саҳна гузорад.
Нахустнамоиши балети “Куруши Кабир” дар Душанбе чӣ гуна гузашт – видео
Дар ин кор ба ӯ як дастаи воқеан байналмилалӣ кӯмак мекунад. Дар ин ҷо дирижёри итолиёвӣ Герардо Корделла, дастпарварони консерваторияи Қазон дар ҳайати оркестр, ситораҳои операи тоҷик дар саҳнаанд.
Хорро Ҳунарманди хизматнишондодаи ҷумҳурӣ Елена Тиллоева роҳбарӣ мекунад ва рақсҳоро Артисти хизматнишондодаи дигар — Александр Бахман ба саҳна гузоштааст.
Қаблан нахустнамоиши балети "Курӯши бузург" дар театри ба номи Айнӣ бо чапакзании бепоён аз толор ба поён расид.
Ин намоишнома натиҷаи кори якҷояи устодони саҳнаи тоҷик ва мутахассисони Институти санъати театрии Россия (ГИТИС) буд.