Назорати нарху таъмини бозор: Аҳмадзода аз бозори “Панҷшанбе” хабар гирифт

Раиси вилояти Суғд ахиран аз бозори марказии "Панҷшанбе"-и шаҳри Хуҷанд боздид карда, бо нархи маҳсулоти ниёзи аввал шинос гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмазода шахсан мутмаин шуд, ки дар растаҳои гуногуни бозори “Панҷшанбе” маҳсулоти ниёзи аввал ва меваҷоту полезиҳо фаровон аст ва сокинон маҳсулоти зарурии худро бо нархҳои мувофиқ дастрас мекунанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ ҳамарӯза тибқи талабот сабзӣ ва картошкаи барвақтӣ, тарбуз,​ помидору бодиринг, зардолу, шафтолу, гелос ва дигар анвои меваҳо ба бозор ворид карда шуда, пешниҳоди аҳолӣ гардида истодааст.
Ҳамзамон нгон ва маҳсулоти нонӣ, гӯшту тухм, равғану биринҷ, шакар ва шириниҳо низ дар бозор ба таври кофӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Аҳмадзода бо додситони кулли Эрон мулоқот анҷом дод
Таъкид шудааст, ки раиси вилоят барои танзим ва назорати доимии нархҳо ба роҳбарияти бозор ва масъулини идораҳои давлатӣ супоришҳо дод.
Манбаъ қайд кардааст, ки барои таъмини дастрасии сокинон ба маводи ғизоӣ тадбирандешӣ карда шуда,​ ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар шаҳрҳои саноатӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мешавад.​
Инчунин хабар дода шудааст, ки Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз мақбараи Шайх Муслиҳиддин, ки дар шафати масҷиди марказӣ қарор дорад, боздид намуда, барои тозаву озода нигоҳ доштани мавзеи мазкур супоришҳо дод.