Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Песков 3 сабаби созишнопазирии Киевро эълон кард

Намояндаи расмии Кремл се далелро номбар кард, ки Украина бо такя ба онҳо аз ҳалли мусолиматомези низоъ дар қаламраваш сарпечӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Хоҷагони режими Киев ба ӯ иҷозат намедиҳанд, ки ба музокироти сулҳ бо Маскав ҳозир шавад, гуфт котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков.
Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ гуна тавофуқ ва шартҳои ибтидоӣ барои оғози раванди музокира миёни Русия ва Украина вуҷуд надорад.
"Гузашта аз ин, ҳоло барои бунёди ҳадди ақалл як навъ муколама таҳкурсӣ вуҷуд надорад, ҳатто пойдеворе ҳам нест", - афзуд Песков.
Тавре сухангӯи Кремл тавзеҳ дод, се сабаби аслии рад шудани ҳалли мусолиматомези низоъ дар Украина вуҷуд дорад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Суоли Илон Маск баъди кумаки нави ИМА ба Украина
"Мо мебинем: A - хоҳиш надоштани режим, В - омода набудани режим, В - иҷозат надодан ба режим аз ҷониби пуштибонҳои режим, бе шубҳа метавон бе шеваҳои дипломатӣ инро баён дошт", - таъкид намуд ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард.
Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ инчунин аз демилитаризатсия ва нозизудоии Украина иборатанд.
Кишварҳои ғарбӣ қасд доранд, ки барои ноором кардани вазъ дар минтақа ба Киев силоҳу муҳимот интиқол диҳанд.