ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки аз ҳисоби бунёди нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ ҳаҷми тавлиди нерӯи барқро афзоиш диҳад.
Дар ин бора сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё дар ҳайати васеъ, ки дар Сочи баргузор шуд, изҳор дошт.
"Тибқи нақшаҳои миёнамӯҳлат мо нақша дорем, ки дар солҳои наздик ҳаҷми тавлиди нерӯи барқро аз ҳисоби бунёди нерӯгоҳҳои нав 5 баробар афзоиш диҳем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, коркарди муштараки захираҳои ҳои гидроэнергетикии кишвар аз ҷониби кишварҳои иттиҳод ба рушди иқтисодии тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.
Ҳамин тариқ, сарвазир гуфт, Тоҷикистон 98% нерӯи барқро аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ дастрас мекунад.
Тибқи маълумоти Вазорати энергетика, истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ дар соли 2022 ба ҳадди рекордӣ расида, ҳудуди 21,4 млрд кВт/соатро ташкил дод.
Захираҳои гидроэнергетикии кишвар дар як сол 527 млрд кВт/соат ҳисоб карда мешаванд.
Тоҷикистон таъмини истиқлоли энергетикаро аз ҳадафҳои стратегии ҳукумат таъйин карда, барои бунёди нерӯгоҳҳо, аз ҷумла НБО "Роғун" маблағҳои зиёд равона карда истодааст.
Ахиран Тоҷикистон бо Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ созиш кард, ки ин муассисаи молиявӣ барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" 500 млн доллари амрикоӣ ҷудо мекунад.
Дар сурати пурра ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" он бузургтарин чунин иншоот дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд.