Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои ИДМ дар бораи иқтидори истеҳсолии Тоҷикистон гуфт

Дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ 14 масъала муҳокима гардида, аз натиҷаҳои онҳо санадҳои дахлдор ба имзо расонида шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки дар Сочӣ баргузор гардид, ширкат кард.
Дар чорчӯби ҷаласа намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар намоишгоҳ, намунаи зиёди техникаву таҷҳизоти кишоварзию саноатӣ, роҳу нақлиёт, тандурустӣ ва дигар намуди маҳсулоти дар қаламрави давлатҳои аъзои иттиҳод истеҳсолшуда муаррифӣ гардид, хабар медиҳад Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Расулзода аз имконияти истеҳсолии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун ёдовар шуда, омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо кишварҳои аъзои ИДМ дар соҳаҳои афзалиятнок таъкид намуд.
Дар қисмати дигари намоишгоҳ ба меҳмонон аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолӣ ва намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил навгониҳо ва истифодаи технологияи муосири хизматрасонӣ дар соҳаи бонкдорӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ, логистика, саноат ва энергетика муаррифӣ гардид.
Лебедев аз кишварҳои ИДМ даъват кард, ки муқовимат ба фишори беруниро пурзӯр кунанд
Сипас ҷаласа дар ҳайти маҳдуд баргузор шуд, ки дар кори он масъалаҳои вобаста ба рўзномаи ҷаласаи навбатӣ баррасӣ шудааст.
Дар рафти ҷаласаҳои ҳайатҳои маҳдуд ва иштироки ҳайатҳои васеъ дар маҷмуъ вазъи кунунӣ ва дурнамои робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар доираи ИДМ баррасӣ шуд.
Расулзода ва дигар роҳбарони ҳайатҳо омодагӣ ва ҳавасмандии худро дар самти густариши ҳамкории судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ иброз намуда, таъкид доштанд.