КҲФ гуфт, киҳо бештар дар обҳои Тоҷикистон ғарқ мешаванд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинону меҳмонони Тоҷикистон даъват мекунад, ки зимни оббозӣ дар обанборҳо ва дарёҳои кишвар эҳтиёткор бошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон тайи бештар аз панҷ моҳи гузашта 50 нафар дар обҳо ғарқ шудаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар бо изтироб изҳор доштааст, ки нисфи зиёди фавтидагон кӯдакони то синни мактабӣ ва мактабхонҳо мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, мутахассисон сабаби аслии марги кӯдаконро беназоратии волидайн, оббозӣ дар ҷойҳои таҷҳизониданашуда унвон кардаанд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки шиноварии афроди аз 35-сола боло дар ҳолати мастӣ низ сабабҳои марги бештар дар об шудааст
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки оббозӣ дар ҳолати сархушӣ қатъиян манъ аст.
Халосӣ аз гирдоб: тавсияҳои КҲФ барои ғарқ нашудан зимни оббозӣ
Дар робита ба афзоиши омори ғарқшавӣ КҲФ гуфтааст, ки дар кадом ҷойҳо шиноварӣ манъ аст, тавсияҳое пешниҳод кардааст, ки аз ин қабил аст:
Дар ҷойҳои таҷҳизнашуда, дар наздикии обпартоҳо, купрукҳо, гирдобҳо, дар заминҳои ботлоқзор;
Дар ҷойҳое, ки тоблуҳои огоҳкунанда, шиору навиштаҷот гузошта шудаанд;
Партоб аз рӯи пулҳо ва дигар баландиҳо;
Ташкили бозиҳо гуногун дар об;
Дар об муддати дароз мондан, ки дар натиҷаи он паст шудани ҳарорати бадан, рагкашӣ ва аз ҳуш рафтан мумкин аст;
Даромадан ба ҷуқурии об, дар рӯи матрасҳо ва дигар лавозимоти оббозӣ дур аз соҳил шино кардан манъ аст, махсусан барои одамоне, ки шино карда наметавонанд.
Ин ниҳод қаблан ҳқшдор дода буд, ки дар пайи гармои шадид талабот ба оббозӣ меафзояд ва бинобар ин сокинони кишвар аз эҳтиёт кор бигиранд.