Чӣ гуна Украина ба Лаҳистон барои фиреб додани Ғарб кумак кард

Муаллифони матбуоти ғарбӣ пуштибонии ногаҳонии Лаҳистон аз Украинаро имконе барои таҳкими қудрати ҳизби ҳокими дар ин кишвар медонанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Муноқишаи Украина ба Лаҳистон кумак кард, ки дар чашми Ғарб як кишвари демократӣ ба назар расад.
Ин фикрро дар мақолаи мухбирони рӯзномаи "New York Times." баён кардаанд.
"Дастгирии Лаҳистон аз Украина нишонаи он нест, ки ҳоло, пас аз тақрибан даҳ соли ақибнишинӣ аз демократия, вай аҳамияти демократияро дарк мекунад. <...> Сиёсатмадорони ғарбӣ ба эътирофи талошҳои Лаҳистон барои сохтани хатти ягона шитоб карданду нархашро ҳам пардохтанд", - қайд карданд, муаллифон.
Аммо, муаллифон ба тамоюлҳои зиддилибералӣ ишора мекунанд, ки пас аз ба қудрат расидани ҳизби ростгарои "Қонун ва адолат" дар соли 2015 дар Лаҳистон реша давонд.
Ин ҳизб истиқлолияти додгоҳро маҳдуд карда, ҳуқуқи занонро барои исқоти ҳамл маҳдуд кард ва аз усулҳои сиёсӣ, аз ҷумла гӯш кардани телефон ва дурӯғгӯӣ истифода намуд.
Чӣ гуна кишварҳои назди Балтик ва Лаҳистон ҳамгироии Русия ва Белорусро метезонанд - видео
Муаллифон пуштибонии Лаҳистонро аз Киев як имкони таҳкими қудрати ҳизби ҳокимро сарфи назар аз ҷанҷолҳои ҳукумат ва таваррум баланд медонанд.
Дар матлаб таъкид мешавад, ки дар моҳи феврал раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден аз Варшава дидан карда, муҳимияти ҳифзи озодӣ ва демократияро эълон кард.
Аммо, ин формула барои тавсифи он чӣ ки дар Лаҳистон руй дода истодааст, чандон мувофиқ нест.