Тоҷикистон воридоти зироатҳои равғандеҳ аз Қазоқистонро афзоиш додааст

Кишоварзони тоҷик ба парвариши зироатҳои равгандор чандон таваҷҷуҳ надоранд, зеро онҳо аз лиҳози даромаднокӣ аз сабзавот ва ғалладона камтаранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Тоҷикистон воридоти тухмиҳои равғандорро аз Қазоқистон башиддат афзоиш дод, хабар медиҳад хабаргузории соҳавии АПК-Информ.
Аз ҷумла, дар давраи аз сентябри соли 2022 то апрели соли 2023 ҷумҳурӣ хариди офтобпараст, зағир ва сафлори Қазоқистонро 6,6 маротиба зиёд намуда, ба яке аз панҷ кишвари бузургтарин воридкунанда дохил шуд.
Зимнан, сафлор ба ҳаҷми рекордӣ харида шуд: нисбат ба 1,2 ҳазор тоннаи пештара ба 31,7 ҳазор тонна расонида шудааст.
Озарбойҷон содироти тухмии зироатҳои равғандеҳ ба Тоҷикистонро ба ҳадди рекордӣ расонд
Ба гуфтаи коршиносон, сатҳи имрӯзаи ҳосилнокӣ ва маҳдуд будани захираҳои замин дар худи Тоҷикистон ба он оварда мерасонад, ки кишвар наметавонад корхонаҳои равғанкаширо бо ашёи хоми худ таъмин кунад.
Илова бар ин, кишоварзони тоҷик ба парвариши зироатҳои равгандор чандон таваҷҷуҳ надоранд, зеро онҳо аз лиҳози даромаднокӣ аз сабзавот ва ғалладона камтаранд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамзамон аз Озарбойҷон ҳаҷми интиқоли тухмиҳои равғанин ва меваҳои гуногуни равғандор 10 маротиба афзоиш ёфтааст.