Дар Русия барои муҳоҷирони ронанда эҳтимол қоидаи нав ҷорӣ шавад

Вакилони яке аз аҳзоби Русия пешниҳод намудаанд, ки ба кори мусофиркашонӣ дар ин кишвар набояд ҳамаи муҳоҷирон роҳ дода шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Ба кори муҳоҷирони ронанда, ки дар Русия ба мусофиркашонӣ машғуланд, шояд тағйироти нав ҷорӣ гардид, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба Ҳизби либерал-демократи Русия.
Вакилони ин ҳизб лоиҳаи қонунеро барои баррасӣ ба ҳукумати Русия фиристодааст, ки тибқи он ронандагони хориҷӣ танҳо дар сурати доштани шаҳодатномаи ронандагии Русия метавонанд дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ кор кунанд.
Пешниҳод шудааст, ки ба қонун "Дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ" тағйирот ворид карда шавад. Зеро тибқи ин санад ба сокинони давлатҳое, ки забони русӣ забони расмӣ маҳсуб мешавад, иҷоза медиҳад ҳамлу нақлро дар Русия бар асоси шаҳодатномаи ронандагии миллӣ анҷом диҳанд.
Вале вакилони ҲЛДР бар ин боваранд, ки донистани забони русӣ ба ҳеҷ ваҷҳ кафолат дода наметавонад, ки шаҳрванди хориҷӣ тамоми қоидаҳои ҳаракати роҳро медонад ва ҳамчунин тасдиқ намекунад, ки ронандаи таҷрибаи хуби мусофиркашониро дорад ё на.
Дар Маскав ҳазорон ронандаи муҳоҷир аз Тоҷикистон шаҳодатномаи рақамӣ гирифтанд
Дар ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки солҳои охир бо айби ронандагони хориҷӣ ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиёт зиёд шудааст.
Ҳамин тавр, дар соли 2022, бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, бо айби ронандагони хориҷӣ 43 ҳазор садама сабт шудааст, ки аксаран шаҳрвандони Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Арманистон ва Озарбойҷон гунаҳкоранд.
Дар робита ба ин, либерал-демократҳо пешниҳод мекунанд, ки шаҳрвандони хориҷӣ танҳо дар сурати доштани шаҳодатномаи ронандагии Русия метавонанд дар соҳаи нақлиёт кор кунанд.
"Он ҳам бояд дар асоси санҷиши дониши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва супоридани имтиҳон ба хориҷиён дода шавад", - омадааст дар ҳуҷҷати ироашуда.