ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Нерӯҳои НАТО метавонанд дар низоъ дар Украина бевосита ширкат кунанд.
Дар ин бора Андерс Фог Расмуссен, собиқ дабири кулли НАТО дар мусоҳиба бо рӯзномаи Guardian изҳор дошт.
"Агар кишварҳои узв, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида дар нишасти ин паймон дар Вилнюс ба Киев кафолати амнияти воқеиро надиҳанд, як гурӯҳ аз кишварҳои НАТО шояд мехоҳанд ба Украина нерӯ эъзом кунанд",- гуфт Расмуссен.
Собиқ дабири паймон ҳамчунин таъкид кард, ки агар Киев "дар Вилнюс чизе ба даст наорад", пас кишварҳои соҳили Балтика ва Лаҳистон метавонанд "эътилофи хоҳишмандон" барои фиристодани нирӯҳо ба Украина барои кӯмак ҷамъ кунанд.
Моҳи сентябри соли гузашта Киев барои пайвастан ба блоки низомӣ ба таври фаврӣ ариза дода буд.
Сипас, сарвари давлат Владимир Зеленский гуфт, ки дар асл Украина аллакай дар НАТО аст ва ба стандартҳои паймон ҷавобгӯ мебошад.
Дар ҳамин ҳол, чунон ки Ҷейк Салливан, ёрдамчии президенти Иёлоти Муттаҳида оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ, баъдан қайд кард, ин гуна тартибот саривақтӣ нест.
Тавре сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков таъкид кард, Маскав вазъро бодиққат назорат мекунад ва дар хотир дорад, ки маҳз тамоюли ҷумҳурии ҳамсоя ба пайвастан ба Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ яке аз сабабҳои оғози амалиёти вижа шудааст.