ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё ба идомаи низоъ дар Украина манфиатдор ҳастанд.
Ӯ гуфт, мардуми Украина ва ҳамчунин мардуми Русия низ аз идомаи низоъ манфиатдор нестанд.
"Халқҳое, ки дар қаламрави СПАД зиндагӣ мекунанд, низ манфиатдор нестанд. Аммо бо вуҷуди ин ҳам бо кадом сабабе низоъ дар ҳоли густариш аст", - гуфт Патрушев пас аз мулоқот ба хабарнигорон.
Дар идома, дабири Шӯрои амнияти Русия афзуд, номи ду кишвареро ном мебарад, ки аз идома ёфтани низоъ хушбинанд.
Патрушев, Иёлати Муттаҳидаи Амрико ва Англияро ном бурд.
Ҳамчунин ӯ гуфт, Амрико зиёд мехоҳад, ки аз Русия ва Чин халос шавад ва сипас ҷаҳонро идора кунад, вале ба ин мақсад ҳеҷ гоҳ нахоҳанд расид.
"Албатта, Амрико намехоҳад, ки ҷаҳони бисёрқутбӣ сурат гирад. Як қутби хеле ҷиддии ҷаҳони бисёрқутбӣ ин Чин аст", - гуфт Патрушев ба хабарнигорон пас аз нишасти котибони шӯроҳои амниятии кишварҳои узви СПАД дар Минск.
Дипломати рус қайд намуд, ки ҳадафи ИМА на Русия, балки Чин аст.
"Дар маҷмуъ ҳадафи ниҳоии онҳо Чин аст. Он гоҳ онҳо ба ҳадафи худ, чунон ки бовар доранд, хоҳанд расид ва дар ҷаҳон ҳукмрон хоҳанд шуд", - шарҳ дод Патрушев.