ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Шумораи донишҷӯёни хориҷӣ, ки метавонанд дар донишгоҳҳои Русия таҳсил кунанд, ба 435 000 нафар мерасад.
Ин иқдом то соли 2030 амалӣ хоҳанд шуд, гуфт директори департаменти ҳуқуқии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Русия, Максим Мерзляков дар ҷаласаи Шӯрои Федератсия.
Дар палатаи болоии парлумони русия масъалаи такмили сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифз, дастгирӣ ва рушди забони русӣ баррасӣ шуд.
"Мо ҳамчунин пешбинӣ мекунем, ки шумори донишҷӯёни хориҷӣ то соли 2030 ба 435 ҳазор нафар мерасад", - изҳор дошт намояндаи вазорати таҳсилоти олӣ дар ин ҷаласа.
Ба гуфтаи Мерзляков, вазорат барои афзоиши теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ барномаҳои мухталифро амалӣ мекунад.
Вай афзуд, танҳо дар чаҳорчӯби барномаи "Донишгоҳи тобистона" ҳудуди 750 нафар дар Русия таҳсил хоҳанд кард.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Федератсияи Русия теъдоди квотаҳоро барои довталабони тоҷик зиёд кардааст. Ҷойҳои ройгон барои соли таҳсили 2023-2024 барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба 1 ҳазор расид.
Бар асоси омори расмӣ, айни ҳол дар муассисаҳои олии таълимии Русия беш аз 35 ҳазор донишҷӯ ва аспирантҳои тоҷик таҳсил доранд. Таъкид шудааст, ки ин омор ҳама шаклҳои таҳсил ва донишҷӯёни филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар хориҷа ва созмонҳои муштараки таълимиро фаро мегирад.