Медведев дар бораи бартариҳои артиши Русия дар Украина гуфт

Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия бар ин назар аст, ки артиши кишвараш дар соҳаи авиатсия бартарии зиёд дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Артиши Русия дар соҳаи авиатсия, нерӯҳои зиреҳпӯш ва аслиҳаи дақиқ бартарии назаррас дорад. Дар ин бора Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия дар Telegram -и худ қайд намуд.
"Артиши мо дар авиатсия, қӯшунҳои зиреҳпӯш ва яроқу аслиҳаи нишонрас бартарии калон дорад. Ҳамчунин бартарии маънавӣ низ дорад", - афзудааст Медведев.
Дар идома ӯ қайд намуд, ки Русия бояд режими Киевро боздорад ва баъдан ҳамла барои сарнагун кардани режими фашистиро оғоз кунад.
"Мо бояд душманро боздорем ва сипас ҳамларо оғоз кунем. Ҳадафи имрӯзаи он на танҳо озод кардани заминҳои мо ва ҳифзи халқи мо, балки комилан сарнагун кардани режими фашистии Киев аст", - таъкид намуд муовини раиси Шӯрои амнияти Русия.
Медведев дар бораи орзую воқеияти Украина шухӣ кард
Қаблан, ин дипломати рус ҳазлкунон гуфт, ки интизориҳои Украина дар баробари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва дигар давлатҳои ғарбӣ рост наомад.
Ба гуфтаи вай, ҳоло он ба Афғонистон, Сурия, Ироқ, Либия ва Яман наздиктар шудааст.
Аз ин пеш Медведев навишта буд, ки Либия, Ироқ, Сурия ва Афғонистон қурбонии "кори миссионерии демократии" Амрико шудаанд.