Дар Тоҷикистон рӯзи Пушкин таҷлил гардид

Дар хонаҳои русии Хуҷанду Душанбе базмҳои шеър баргузор шуда истодаанд, ки дар он хонандагони мактабҳои русӣ, донишҷӯён ва ғолибони озмуни хониш ҷамъ омадаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзҳои Пушкин гузаронда шуда, чорабиниҳо ба зодрӯзи шоир ва ба забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо бахшида шудаанд.
Дар доираи таҷлили ин рӯз, дар Душанбе, Хучанд, Турсунзода, Бустон, Бохтар, Хоруғ ва дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ ашъори Александр Сергеевич Пушкинро ёдоварӣ ва қироат мекунанд.
Дар хонаҳои русии шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе чорабиниҳои маърифатӣ гузаронда мешаванд, ки дар он хонандагони мактабҳои ба номи Гагарин ва Чехов, донишҷӯён, ғолибони озмуни хониш ва намояндагони диаспора ҷамъ омадаанд.
Базми шеъру адабиёти русӣ дар меҳвари чорабиниҳои идона дар саросари кишвар қарор доранд.
Дар Русия ба муҳоҷирон тариқи онлайн забони русӣ меомӯзонанд
Сардори намояндагии "Россотрудничество" дар кишвар Иван Иванов қайд кард, ки забони русӣ ба шумораи зиёди одамони сайёра барои баён кардани фикру мулоҳизаҳояшон мусоидат мекунад.
"Ин дуввумин забони маъмултарин дар интернет аст. Забони русӣ дар мукотиба, шеър, суруд зиёд кор бурда мешавад", - гуфт ӯ.
Иванов таъкид намуд, ин василаи хубест, ки одамонро ба ҳам наздик карда метавонад.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи июн дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Русия баргузор мешаванд. Тасмими баргузории чорабиниҳо дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Федератсияи Русия ва Тоҷикистон Сергей Лавров ва Сироҷиддин Муҳриддин низ эълон шуда буд.