ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Русия дар навсозии артиш ба Тоҷикистон кумакашро идома медиҳад, гуфт Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров.
Дар ин бора ӯ дар пайи натоиҷи музокирот бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин хабар дод.
Ба гуфтаи Сергей Лавров, суханронӣ дар ин дидор ба иҷрои тавофуқҳо дар заминаи ҳамкориҳои низомӣ ва низомию фаннӣ, аз ҷумла барномаи таҷдиди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон марбут буд.
"Мо ба Душанбе кумаки лозимро идома медиҳем. Ҳама ҳаҷми пешбинишуда амалӣ хоҳанд шуд", - хулоса кард дипломати рус.
Вазир афзуд, Русия аз Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароит барои фаъолияти пойгоҳи низомии 201 ва ширкат дар тамрину машқҳои муштарак ба манфиати тамоми паймони СПАД изҳори сипос мекунад.
Ҳамчунин, Сергей Лавров зимни мулоқот бо ҳамтои тоҷики худ қайд кард, ки руасои ҷумҳури кишварҳо ба нафъи равобити кишварҳо ва мардумон масъалаҳои дар ҳоли ҳозирро ҳал мекунанд.
Тавре дипломат таъкид кард, Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар заминаи ҳамгироиҳое, ки солҳои гузашта бунёд шуда буданд, идома медиҳанд.