ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон равобити худро бар пояи заминаҳое, ки солҳои дурудароз гузашта гузошта шуда буданд, бунёд мекунанд.
Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар оғози мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт.
"Сифати муносибатҳои шарикии стратегии иттифоқӣ ва тобиши он аз ҷониби президентҳо муқаррар карда мешавад ва онҳо муносибатҳои худро дар асоси он чизе, ки дар солҳои гузашта гузошта шуда буданд, бунёд мекунанд",- гуфт дипломат.
Ба гуфтаи ӯ, ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати Владимир Путин дар таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Маскав ва гузашти низомӣ дар Майдони Сурх комилан муҳим аст.
"Имрӯз мо бисёр масъалаҳое дорем, ки ба нафъи рушди муносибатҳои байни кишварҳо ва халқҳоямон ҳал мешаванд, пеш аз ҳама, ин ба мавзӯъҳои иқтисодӣ ва энергетикӣ дахл дорад, ки дар заминаи иқтисодҳои мо қарор доранд", — таъкид кард дипломат.
Ба андешаи ӯ, имрӯз ин масъалаҳоро ба танҳоӣ ҳал кардан мумкин нест, равандҳои минтақавӣ ва форматҳои ҳамгироӣ чи дар Осиёи Марказӣ ва чӣ дар маҷмӯъ дар қитъаи Авруосиё бештар таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.