Лавров гуфт, ҳеҷ кас наметавонад миёни Русия ва Тоҷикистон фосила эҷод кунад

Дӯстии чандинасраи халқҳои рус ва тоҷик бар манофеи ҳамдигар ба талошҳои монеасозӣ ба муносиботи ҷонидҳо иҷоза нахоҳад дод ва он боз тақвият меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, бо вуҷуди талошҳо касе наметавонад миёни Русия ва Тоҷикистон монеа ва фосила эҷод кунад.
"Эҷоди фосила миёни кишварҳои моро бисёриҳо кӯшиш мекунанд, ки кунанд, аммо ҳеҷ кас муваффақ нахоҳад шуд”, - гуфт вай.
Ӯ таъкид кард, ки дустии чандинасраи халқҳои бародар гарави боз ҳам амиқтар ва вусъат ёфтани шарикӣ ва иттифоқи ҳаматарафаи ба ҳамдигар фоидабахши ҳалқҳои русу тоҷик мебошад.
"Ин дӯстӣ боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад шуд”, - таъкмд кард ӯ зимни суханронӣ дар Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ) дар Душанбе.
Лавров: Русия навсозии артиши Тоҷикистонро идома медиҳад
Қаблан Лавров бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дидору гуфтугӯ дошта, ҷонибҳо вазъи Афғонистон, рушди равобити дуҷониба ва кумаки Русия дар таҷдиди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.
Дар рӯзи аввали сафараш ба Душанбе, 5 июн, Лавров аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия дидан кард.