Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги Русия баргузор мешаванд

Сироҷиддин Мӯҳриддин таъкид кард, ки мақомоти Тоҷикистон ният доранд, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанг ҳамаҷониба кӯмак расонанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Моҳи июн дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Русия баргузор мешаванд.
Ин тасмим дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Русия ва Тоҷикистон Сергей Лавров ва Сироҷиддин Мӯҳриддин гирифта шудааст.
"Мо ба мувофиқа расидем, ки дар даҳаи сеюми моҳи июни соли 2023 Рӯзҳои фарҳанги (Русия - ред.) дар Тоҷикистон баргузор шавад", - гуфт раҳбари Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар пайи музокирот.
Вай афзуд, Тоҷикистон барои баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи баланд ҳамаҷониба кӯмак хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, Сергей Лавров зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи китобҳо дар силсилаи "Адибони классик ва православии рус" зикр кард, ки Маскав ва Душанбе ҷонибдори эҳтиром ба гуногунии фарҳангӣ ва тамаддунии ҷаҳони муосир мебошанд.
Лавров гуфт, ҳеҷ кас наметавонад миёни Русия ва Тоҷикистон фосила эҷод кунад
"Мо мисли Тоҷикистон ҷонибдори муколамаи тамаддунҳо, муколамаи фарҳангҳо, муколамаи динҳо, дар маҷмӯъ - эҳтиром ба гуногунии фарҳангӣ ва тамаддуни ҷаҳони муосир ҳастем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Лавров, чунин ҳамраъйӣ "муқовиматро барои расидан ба ҳадафҳои одилона дар баробари онҳое, ки мехоҳанд чунин ҳамбастагӣ ва арзишҳоро бо қоидаҳои худашон иваз кунанд, тақвият медиҳад."