ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Тоҷикистон дар фурӯши нерӯи барқ ба Афғонистон пешсаф боқӣ мемонад.
Дар ин бора Абдулраҳмон Раҳимӣ, директори тиҷоратии ширкати барқии Da Afghanistan Breshna Sherkat хабар медиҳад.
Ба гуфтаи вай, Толибон* аз хориҷа ба маблағи тақрибан 300 миллион доллар нерӯи барқ харидорӣ кардаанд.
Гуфта мешавад, ки 96 миллион доллари ин маблағ ба Тоҷикистон рост меояд.
Илова бар ин, Кобул воридотро аз дигар кишварҳои ҳамсоя низ ба роҳ мондааст:
Ӯзбекистон – 94 млн доллар,
Эрон – 62 млн доллар
Туркманистон – 47 млн доллар.
Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти ширкати барқ таъкид мекунад, ки тақрибан ҳамаи қарзҳо аз содиркунандагон баста шудаанд.
Қаблан аз моҳи январ то апрели соли 2023 Тоҷикистон аз содироти нерӯи барқ 8,6 миллион доллар даромад гирифта буд.
Ин нишондод дар семоҳаи аввал аз соли гузашта 17,5 фоиз зиёд аст.
Ба иттилои “Барқи тоҷик”, ҷумҳурӣ дар бораи интиқоли барқ ба Афғонистон тамоми сол шартнома ва ҳамчунин бо Ӯзбекистон барои давраи баҳору тобистон созишнома дорад.
* Ҳаракат барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.