Маскав мизбони музокироти байниҳукуматии Тоҷикистону Русия мешавад

Вазорати умури хориҷии Русия аз рушди ҳамкориҳои тиҷорӣ бо Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки Маскав ҳамоно шарики асосии тиҷории Душанбе боқӣ мемонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Ҳукумату идораҳои дахлдори Русия ва Тоҷикистон бо ҳамоҳангии комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ҳамкориҳои иқтисодию тиҷориро таҳким мебахшанд.
Ин нуктаро Вазорати умури хориҷии Русия, бо нашри як иттилоия дар ҳошияи сафари расмии вазир, Сергей Лавров ба Душанбе баён доштаст.
Ба иттилои ВУХ, Русия ҳамоно шарики асосии тиҷории Тоҷикистон боқӣ монда, соли гузашта рушди табодули коло миёни ду кишвар 18%-ро ташкил додаст.
Ин ниҳод аз нақши Комиссияи дуҷонибаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ тавсиф кардааст, ки роҳбарии онро ҳамраисҳо - муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин ва сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба уҳда доранд.
Лавров гуфт, ки Русия бо кадом кишварҳо бо пули миллӣ тиҷорат хоҳад кард
Вазорати умури хориҷии Русия таъкид намудаст, ки ҷаласаи навбатии 19-уми ин Комиссияи байниҳукуматӣ соли равон дар Маскав баргузор мешавад. Тафсилот дар мавриди замони баргузории ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оварда нашудааст.
Дар идома аз сафари раиси ҳукумати Русия, Михаил Мишустин ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли равон зикр шудаст, ки ҳамкориҳои ду кишвар такони нав бахшид.
Ҷонибҳо аз рӯи натиҷаҳои он оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, энергетика, молия, кишоварзӣ, нақлиёт, технологияҳои рақамӣ, фарҳанг ва маориф ба мувофиқа расиданд, афзуд манбаъ.