Вакили Дума: ҳамлаи ҷавобии Украина оғози поёни режими Киев хоҳад буд

Вакили Думаи давлатии Русия ёдовар шуд, ки тайи 8 моҳи ахир изҳороти баланд аз мақомоти Украина ва низомиён шунида мешавад, аммо барои он тавони кофӣ надорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Ҳамлаи ҷавобии Украина оғози поёни режими Киев хоҳад буд.
Дар ин бора вакили Думаи давлатии Русия Леонид Бабашов изҳорот дод.
"Мутаассифона, аз амалкарди мақомоти Украина мардуми оддӣ низ як ҷӯра аз андӯҳ хоҳанд гирифт", - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи вай, режими Киев барои бомуваффақият ҳамла кардан имкон надорад.
"Артиши Русия ҳоло чунон дар мавқеъҳои ҷангӣ ҷойгир шудааст, ки ҳама гуна амалиёти ҳуҷумкунандаи Украина ба талафоти зиёд, чи аз ҷиҳати таҷҳизот ва ҳам дар нерӯи зинда оварда мерасонад",- гуфт вакил.
Леонид Бабашов ёдовар шуд, ки тайи 8 моҳи ахир изҳороти баланд аз мақомоти Украина ва низомиён шунида мешавад.
"То ҷое ки ман дар ёд дорам, онҳо аллакай 3 ҳамла эълон карда буданд ва ягонтоаш ҳам иҷро нашудааст. Ё боронӣ аст, ё барф меборад ва ё замин нарм шудааст", - гуфт ӯ.
Номзад ба мақоми президентии ИМА хостори "гузаштҳои бузург" ба Русия шуд
Бо вуҷуди ин, сиёсатмадор итминон дорад, ки ин дафъа Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, бояд иқдомоти зиддиҳамла анҷом диҳад, зеро ӯ бояд дар бораи кори анҷомдодашуда ба Вашингтон гузориш диҳад.
Қаблан Зеленский дар мусоҳиба бо рӯзномаи Wall Street Journal таъкид карда буд, ки Киев мехоҳад силоҳҳои бештари ғарбиро барои ҳамлаи ҷавобӣ ба даст орад, аммо вай наметавонад онҳоро "моҳҳо" интизор шавад.