Лавров ба Душанбе меояд

Вазири корҳои хориҷии Русия бо сафари дурӯзаи расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуда, бо роҳбарони Тоҷикистон мулоқоту музокирот анҷом хоҳад дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ФР.
Ба иттилои манбаъ, Лавров дар ҷараёни боздидаш аз Душанбе, ки рӯзҳои 5-6 июн дар назар аст, раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва вазири умури хориҷии кишвар, Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот хоҳад кард.
Интизор меравад, ки ҷонибҳо масъалаҳои муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ кунанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба таҳкими минбаъдаи ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷии Русия ва Тоҷикистон дар доираи созмонҳои бисёрҷониба, аз қабили СААД, ИДМ, СҲШ ва СММ дар назар аст.
Лавров гуфт, ки Русия бо кадом кишварҳо бо пули миллӣ тиҷорат хоҳад кард
Ҳамчунин, дар ҷараёни сафар Сергей Лавров дар мулоқот бо дипломатҳои ҷавон, донишҷӯён, рӯзноманигорон, намояндагони доираҳои коршиносӣ ва илмӣ дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон суханронӣ мекунад.
Дипломати рус инчунин дар муаррифии маҷмӯаи китоби "Нависандагони классикаи рус ва православия" иштирок намуда, аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон боздид мекунад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Лавров дар ҷаласаи 40-уми Шӯрои роҳбарони минтақаҳои Русия дар назди Вазорати умури хориҷии ин кишвар хостори ҳамкории бештар бо кишварҳои Осиёи Миёна шуд.
Лавров таъкид намуд, ки муносибот бо Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон дар заминаи шарикии стратегӣ, баробарӣ, эҳтироми тарафайн ва ҳамсоядории нек роҳандозӣ шудаст.
Дипломат махсусан таъкид намуд, ки бо ҳар яке аз ин кишвар муколамаи густурдаи сиёсӣ ҷой дорад, ки он барои таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, аз иқтисоду сармоягузорӣ то илму маориф мусоидат мекунад.