ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Теъдоди қурбониёни бархӯрди қатор дар иёлати Одишаи Ҳинд ба 288 нафар расид, хабар медиҳад Agence France-Presse бо такя ба сардори идораи оташнишонии иёлот Судҳанша Сарангӣ.
"Теъдоди қурбониёни садамаи қатора дар Ҳиндустон ба 288 нафар расид", - омадааст дар хабарнома.
Қаблан хабаргузории Indian Express дар бораи кушта шудани 233 нафар ва захмӣ шудани 900 нафар хабар дода буд.
Қаторҳо рӯзи ҷумъа дар наздикии шаҳри Баласор бархӯрдаанд. Тибқи маълумоти тозаи мақомоти роҳи оҳан, 10-12 вагони қатораи мусофирбар, ки аз Колката ба Ченнай ҳаракат мекард, пас аз бархӯрд бо қатори боркаш аз роҳи оҳан баромада, ба самти муқобили роҳ чаппа шуданд.
Пас аз чанде қатори дигари мусофирбар ба онхо бархӯрд, ки дар натиҷа боз се-чор вагон бо одамон аз роҳ баромад.
Дар амалиёти наҷот беш аз сад нафар аз аъзои Нерӯҳои миллии имдод ба офатҳои табиӣ ва ҳамтоёни давлатии онҳо ширкат мекунанд. Бисёре аз мусофирон метавонанд дар зери вагонҳои чаппашуда бимонанд.