Дар Хуҷанд сирри тоза нигоҳ доштани шаҳрро гуфтанд

Ҳар рӯз аз маркази маъмурии вилояти Суғд ҳудуди 600 метри мукааб партов аз дохили шаҳр берун оварда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ҳар рӯз дар шаҳри Хуҷанд мошинҳои махсуси партовгоҳ аз беш аз 200 нуқтаи ҷамъоварӣ партовҳоро берун мекунанд.
Дар ин бора директори Корхонаи воҳиди давлатии "Хизмати санитарию нақлиётӣ"-и шаҳри Хуҷанд Даврон Юсуфзод ба нашрияи "Согдийская правда" хабар дод.
Дар тавозуни Муассисаи давлатии коммуналии "Хизмати санитарию нақлиётии шаҳр" дар маҷмӯъ 28 адад мошини махсуси партовкашӣ мавҷуд аст. Ҳар рӯз 25 мошини махсус дар се баст мебарорад.
"Ҳаҷми партовҳои хориҷшуда дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 550-600 метри мукаабро ташкил медиҳад", - гуфт Даврон Юсуфзод.
Ба гуфтаи директор, ҳоло муассиса 44 мошин дорад, ки 34-тоаш дар ҳолати кор аст. Аз ҷумла 28 мошини махсуси партовкашӣ, 3 трактори партовкашӣ, 4 мошини махсуси обкашӣ, 2 самосвал, 3 мошини хидматӣ, 3 булдозер ва 1 кран.
Садамаи дар ду пойгоҳи обкашӣ нисфи Хуҷандро беоб монд
Дар корхона 170 нафар кор мекунанд, маоши миёнаи онҳо 1,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Кормандон инчунин дар фасли сармо кӯчаву хиёбонҳои марказиро тоза ва дар фасли гармо об медиҳанд, партовҳои моеъро берун меоранд, барои обёрии дарахтон об мекашонанд, сагҳои бесоҳибро нест мекунанд.