Профессори тоҷик - раиси Консорсиуми "Донишгоҳи ҳуқуқии АвруОсиё" шуд

Дар ин консорсиум, ки роҳбарияшро олими тоҷик ба уҳда гирифт, ҳудуди 10 донишгоҳи кишварҳои узв ва нозири Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё узвият доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон, Хайрулло Мирзамонзода ба ҳайси раиси Консорсиуми "Донишгоҳи ҳуқуқии АвруОсиё" интихоб шуд.
Маркази равобит бо ҷомиаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, интихоби олими тоҷик ба раҳбарии ин консорсиум дар пайи ҷаласаи пленарии 16-уми Конгресси ҳуқуқии АвруОсиё дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия сурат гирифт.
Дар ин консорсиум ҳудуди даҳ донишгоҳи кишварҳои узв ва нозири Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё узвият доранд.
“Раиси Консорсиуми "Донишгоҳи ҳуқуқии Аврупову Осиё" бо пешниҳоди аксари намояндагони донишгоҳҳои узв ва дар овоздиҳии ошкоро интихоб гардид”, - гуфт манбаъ.
Профессор Хайрулло Мирзамонзода, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, беш аз 7 сол муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба робитаҳои байналмилалӣ буда, як соли охир директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон аст.
Консорсиуми "Донишгоҳи ҳуқуқии АвруОсиё" соли 2022 таъсис ёфта, яке аз ниҳодҳои тобеъи Конгресси ҳуқуқии АвруОсиё аст, ки соли 2007 ба ин сӯ фаъолият мекунад.
Тағйироти кадрӣ дар маориф: аз барканории Субҳонзода то таъйини Саидзода
Ин консорсиум рушди ҳамкориҳои донишгоҳҳои ҳуқуқии пешрави кишварҳои узв ва нозири Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва ҳамчунин кишварҳои алоқаманд ба рушди ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисоди бо ин иттиҳодро ҳадаф қарор додааст.
Санаи 1 ба 2 июн иҷлосияи 16-уми Конгресси ҳуқуқии АвруОсиё дар шаҳри Екатеринбурги Русия баргузор шуд, ки дар он 24 мавзуъи мубрами илми ҳуқуқшиносӣ бо фарогирии 156 масъала аз сӯи 1300 олими соҳаи ҳуқуқ, коршиносони соҳа ва мутахассисони амалия ба баррасӣ гирифта шуд.