Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон низ тавонист лаҳазоти ҷолиби консерти калони идона дар Боғи кӯдакони шаҳрро аккосӣ кунад.
Қайд карда мешавад, ки он таҳти шиори "Кӯдакон ҷаҳони моянд!" баргузор гардид.
Сокинон ва меҳмонони пойтахт аз баромадҳои дастаҷамъии бачагону наврасон лаззат бурданд
Ёдовар мешавем, ки дар саросари Тоҷикистон чорабиниҳо барои кӯдакон баргузор шуданд.
Ҳамин тариқ, дар шаҳри Хуҷанд низ, дар боғи асосии фарҳангу фароғати "Наврӯзгоҳ" барномаҳои ҷолиб баргузор гардид.
Дар ид тарбиягирандагони муассисаҳои иҷтимоии вилоят, кӯдакони ятим, ғолибони олимпиада ва озмунҳо иштирок намуданд.