ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд дар робита ба бозсозии шоҳроҳи "Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ" ҷаласа баргузор карданд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти вазорати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо ҳамчунин стратегияи нави ҳамкорӣ ва маблағгузории лоиҳаҳоро баррасӣ кардаанд.
Вазорат таъкид кардааст, ки шоҳроҳе, ки бозсозии он аз ҷониби БИР маблағгузорӣ мешавад, бахше аз шоҳроҳи байналмилалӣ мебошад.
Воқеан ҳам роҳи "Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ" барои баромадан аз масири кишварҳои хориҷӣ, ки ба бандарҳои баҳрӣ дастрасӣ доранд, шароити хуб фароҳам меорад.
"Ин роҳ дорои аҳамияти бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буда, ба густариши ҳамлу нақли мусофирбариву бор, савдои наздишаҳрӣ, рушди сайёҳӣ, поин рафтани қимати коло ва хидматрасонии нақлиётӣ мусоидат мекунад",- гуфтааст ин ниҳод.
Дар фарҷоми вохӯрӣ директори минтақавии БИР Иброҳим Шукрӣ изҳор доштааст, ки бонк ният дорад, ки барои таҳкими захираҳои меҳнатӣ ва омӯзиши усулҳои нави сохтмони роҳ, ки ахиран барои идоракунӣ ва татбиқи лоиҳаҳо қабул шудааст, як мушовири байналмилалӣ таъин намояд.
Қаблан Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Бонки Исломии Рушд ширкат дошт, ки он дар Арабистони Саудӣ дар шаҳри Ҷидда оғоз ёфт, хабар медиҳад дафтари матбуоти ташкилоти қарзию пулӣ.
Иштироккунаидагон бо директори генералии Фонди ОПЕК Абдулҳамид Ҳамид як қатор масъалаҳои муҳимро муҳокима карданд.
Дар ин ҳамоиш намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллии Тоҷикистон, “Амонатбонк” ва “Тавҳидбонк” низ ҳузур доштанд.