ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Муҳоҷирони кории тоҷик ҷараёни аслии хориҷиёнро ташкил медиҳанд, ки аз аввали сол ба вилояти Волгоград омадаанд, хабар медиҳад "Блокнот Волжский" бо истинод ба Волгоградстат.
Тибқи маълумоти манбаъ, аз моҳи январ то марти соли 2023, ба вилояти Волгоград аксари муҳоҷирон аз Тоҷикистон ворид шудаанд.
Пасон вуруди шаҳрвандони Арманистон ва Ӯзбекистон низ назаррас аст. Дар давраи зикршуда ба вилоят 10115 нафар омадаанд.
Дар ҳамин ҳол, бештари муҳоҷирон аз манотиқи дигари Русия ҳастанд, аммо 14 дарсади ин шумораро меҳмонон аз кишварҳои ҳамсоя ташкил медиҳанд.
Аз давлатҳои ИДМ ва дигар мамлакатҳои хориҷ ба вилояти Волгоград мутаносибан 1292 ва 170 нафар омаданд.
Аксари муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Арманистон ва Ӯзбекистон омадаанд. Ҳудуди 72% сокинони нав дар шаҳрҳо маскан гирифта, боқимонда деҳотро интихоб карданд.
Гуфта мешавад, Волгоград қариб сеяки муҳоҷиронро қабул кард, Волжский бошад ҳамагӣ 9,6%.