Умеди Зеленский аз ворид шудани Украина ба НАТО кам монд

Раисиҷумҳури Украина ба шарикони ғарбӣ гуфт, ки ба "даъвати рӯшан" барои пайвастан ба НАТО дар тобистон умед дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, умедҳои Украина барои пайвастан ба НАТО камтар мешавад.
Ӯ дар нишасти сарони Иттиҳодияи сиёсии Аврупо дар Молдова мушоҳидаҳои ғамангезеро нисбати пайвастани кишвараш ба НАТО иброз дошт, хабар медиҳад нашрияи маҳаллии Agora.
"Умедҳои мо торафт дуртар мешаванд ва ман пушаймонам, ки ин ноумедиро дар ин ҷо баён кунам - ҳам аз номи сарбозон <...> ва ҳам аз номи мардуми мо", - гуфт Зеленский.
Вай афзуд, ки ба "даъвати рӯшан"-и Украина барои пайвастан ба ин паймон дар тобистон умед дорад.
"Мехоҳам таъкид намоям, ки тобистони имсол дар Вилнюс даъвати возеҳи Украина барои пайвастан ба ин паймон ва ҳамчунин кафолати амниятӣ дар роҳи узвият лозим аст", - таъкид кард Зеленский.
Медведев: "Тақсимоти ором"-и Украина беҳтар аз узвияти он дар НАТО аст
Қаблан Руслан Стефанчук, раиси Верховная Рада гуфта буд, ки Иттиҳодияи Аврупо ва Паймони Атлантикаи Шимолӣ бидуни пайвастани Киев ҳеҷ гоҳ комил нахоҳад буд.
Қабл аз ин садри аъзами Олмон Олаф Шолс гуфта буд, ки Киев дар ояндаи наздик ба ин паймон шомил нахоҳад шуд. Вай таъкид кард, ки меъёрҳои НАТО чанд шартеро дар бар мегирад, ки Украина "айни ҳол наметавонад иҷро кунад".