Суғд маъракаи даъвати ҳарбиро анҷом дод

Ҳар яке аз шаҳрҳои вилояти шимоли Тоҷикистон аз иҷрои нақшаи даъвати наваскарон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ гузориш доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дар вилояти Суғд нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳукумати вилоят.
Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар пурра анҷом ёфт.
Инак, Истаравшан аз иҷрои нақшаи даъвати наваскарон гузориш дод. Аз ин пеш Кӯҳистони Мастчоҳ ва Бӯстон аз иҷрои пурраи нақшаи даъват хабар доданд.
Аксар шаҳру навоҳии вилоят нақшаро қабл аз муҳлат анҷом доданд.
Фармони президент барои даъвати ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон имзо шуд
Гуфта мешавад, дар анҷоми саривақтии нақшаи даъват ба хизмат дар вилояти Суғд кори пурсамари ҳамаи комиссариятҳо ҳарбӣ нақшаи муҳим бозид.
Маъракаи даъвати мавсимӣ ба артиши Тоҷикистон имсол аз 1 апрел оғоз шуд.
Бар асоси фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маъракаи ҷорӣ ҷавонони солҳои таваллудашон 1996-2005 даъват шудаанд. Расман маъракаи миллии баҳорӣ бояд 1 июни соли 2023 ба охир расад.