Пулчинаки 17-сола, ки табиби "Истиқлол"-ро кушт ба ҳабс гирифта шуд

ВУД мегӯяд, алайҳи наврас бинобар расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги ҷабрдида гардид, парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Хабари аз сӯи пулчинаки кушта шудани табиби беморхонаи "Истиқлол" - и пойтахт миёни сокинон сару садоҳои зиёд ба бор овард.
Тафсилоти ин қазияро ахиран котиботи Вазорати умури дохилӣ нашр кард.
Бар хабари манбаъ, наврас, сокини ноҳияи Сино буда, дар яке аз нақлиётҳои ҷамъиятӣ ҳамчун пулчинак кор мекард ва миёни ӯву табиби беморхонаи "Истиқлол" баҳсу мунозира сар зад.
Ба фарзияи мақомот, наврас бо мушт ба рӯи табиб зарба зад, ки дар натиҷа охирон ба рӯи замин афтида, сараш ба бетони канори роҳ бархӯрдааст.
Рашк: марде дар Суғд ҳамсарашро бо шаш зарби корд кушт
Дар навори бозпурсии наврас, ки ВКД онро мунташир намуд, боздоштшуда изҳор дошт, ки аз сӯи табиб дашноми қабеҳ шунида, бинобар ин ба руяш бо мушт зад.
"Дидам, ки аз сараш хун меравад, ба маршрутка бораш кардем ва зуд ба беморхона бурдем", - тавзеҳ додааст наврас.
Гуфта мешавад, бо вуҷуди талошҳои зиёди ҳамкорони табиб, ҷони ӯро аз марг наҷот дода натавонистанд ва "ӯ бар асари ҷароҳатҳои вазнини барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок дар бемористон ҷон дод".
Манбаъ меафзояд, нисбати ноболиғ бар асоси моддаи 110, қисми 3, банди “в”, яъне расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гаштааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад”.