ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар мулоқот бо раҳбарони хадамоти иктишофии кишварҳои ИДМ гуфт, мақомоти Украина имконоти зиёде барои зиндагии осоиштаи мардум дар саросари Украина доштанд, аммо аз онҳо истифода накарданд.
"Роҳбарияти Украина имконоти зиёде дошт, ки мардум дар саросари Украина оромона зиндагӣ кунанд. Аммо на Януковичи собиқ, на Порошенко ва на Зеленскийи ҳозира аз ин истифода накарданд. Чаро онҳо аз ин истифода набурданд? Оё онҳо ҷанг мехостанд? Не. Онҳоро таҳрик медоданд. Нуқтаҳои дарднокро пайдо карданд ва ба он ҷо фишор оварданд", - гуфт Лукашенко.
Дар идома ӯ гуфт, шояд иштибоҳи ягона ин буд, ки масъалаҳои ҷойдошта дар соли 2014-2015, замоне, ки Украина на артиш дошт ва на омодагӣ, бидуни ҳал монданд.
"Ҳама мехостанд бо роҳи осоишта ҳал кунанд, вале онҳо дар ин муддат қувваҳои мусаллаҳи ҷангиро омода намуданд", - афзуд Лукашенко.
Ӯ ёдовар шуд, ки сиёсатмадорони ғарбӣ, аз ҷумла Франсуа Олланд собиқ кишвардори Фаронса ошкоро иқрор шуданд, ки ҳама чизро барои омода кардани Украина ба муноқиша бо Русия кардаанд.
"Мо танҳо бояд ором шавем. Ман танҳо аз шумо хоҳиш мекунам, ки ба сиёсати дохили кишвар таъсир расонед, то ҳар ҷо гурезон нашавем. Ин хеле хатарнок аст", - гуфт раисиҷумҳури Беларус ба раҳбарони хадамоти вижаи кишварҳои ИДМ.