Лебедев аз кишварҳои ИДМ даъват кард, ки муқовимат ба фишори беруниро пурзӯр кунанд

Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз кишварҳои узви созмон хост, ки муттаҳидона дар қиболи фишорҳо барои соҳибихтиёрии хеш биистанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Мамлакатҳои ИДМ-ро муҳим аст, ки ҷидду ҷаҳди худро дар муборизаи зидди фишори таҷовузкоронаи берунӣ муттаҳид кунанд.
Дар ин бора Сергей Лебедев, дабири кулли ИДМ дар ҷаласаи 52-юми Шӯрои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ дар Минск изҳор дошт.
"Барои мо бисёр муҳим аст, ки талошҳои худро дар муқобила бо ин таҳдидҳо ва фишорҳо ба хотири ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти кишварҳои муштаракулманофеъ муттаҳид кунем", - гуфт дабири кул.
Вай қайд кард, ки имрӯз дар шароити фишори дағалона ва хашмгин ба Беларус, Русия ва дигар кишварҳои ИДМ, ин махсусан муҳим аст.
Лебедев афзуд, ки кӯшишҳои ҳамлаҳои террористӣ ва тахрибкорӣ дар қаламрави Федератсияи Русия ва Беларус вуҷуд доранд.
"Роҳбарони хадамоти вижа ва ниҳодҳои амниятӣ барои баррасии иқдомоти муштарак барои муқобила бо ин чолишҳо ва таҳдидҳои нав ҷамъ омадаанд", - гуфт ӯ.
Дар ИДМ нақшаи мубориза бо ҷинояткориро тасдиқ карданд
Котиби генералӣ изҳори умедворӣ кард, ки намояндагони кишварҳои ИДМ қарорҳое қабул хоҳанд кард, ки ба таҳкими амният мусоидат мекунанд.
Қобили зикр аст, ки мавзӯъҳои асосии мулоқот баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ, дигар зуҳуроти хушунатбори ифротгароӣ, муқовимат ба қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир мебошанд.
Дар баробари таъсири иттилоотию равонӣ, паҳн кардани маълумоти бардурӯғ. Аз ҷумла, ба ривоҷу равнақи ҳамкории илмию техникӣ ва ахбори байни давлатҳои аъзои ИДМ диққат дода мешавад.