Коршиноси афғонистонӣ дар бораи сабабҳои даргириҳои марзӣ бо Эрон гуфт

Марзбонони эрониро мебояд ба таври доимӣ бо қочоқ ва дигар аъмоли ғайриқонунии аз ҷониби Афғонистон бароянда рӯбарӯ шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Ҳуқуқи истифодаи манобеъи об шояд сабаби аслии задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи Афғонистону Эрон набошад.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба коршиноси афғонистонӣ дар умури сиёсӣ ва стратегӣ Ториқ Фарҳодӣ хабар додааст.
Ба андешаи ӯ, иллати аслии низоъҳо дар минтақаи таърихии Систон, ки марзи ду давлат тақсим шудааст, қочоқи маводи мухаддир ва қочоқи инсон аст.
"Агар сухан сари пойтахтҳо рафад, пас ҳам Кобул ва ҳам Теҳрон хоҳони даргири дар марз нестанд. Ҳарду ҷониб мехоҳанд, ки ин масоил аз тариқи муколама ҳал шавад",- гуфт ӯ.
Ба гуфтаи мавсуф, ҳодисаҳо дар сатҳи марзбонон ва қочоқбарон рух медиҳанд ва корбарони "аз ҳад эҳсосӣ" афғон ва эронии шабакаҳои иҷтимоӣ ба таҳдиди ҳамдигар шурӯъ мекунанд.
Қаблан дар бораи задухӯрд миёни марзбонон дар посгоҳи "Сасулӣ" дар устони Сиистону Балуҷистони Эрон хабар дода шуда буд.
Ба иттилои нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, як сарбоз кушта ва ду нафари дигар захмӣ шудаанд.
Толибон * низ талафот доданд, аммо миқёси онҳо мушаххас карда нашудааст.
Шарҳи Кобулов дар мавриди дурнамои вазъ дар марзи Эрону Афғонистон
Ба дунбол фармондеҳи нерӯҳои заминии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон генерал Каюмарси Ҳайдарӣ гуфт, ки артиши Эрон амнияти марз бо Афғонистонро комилан таъмин мекунад.
"То даме, ки кишвари муқобил, ки бо мо марзи муштарак дорад, қоидаҳоро эҳтиром мекунад, эҳтироми мутақобила хоҳад дид, аммо агар касе эҳсос кунад, ки онҳо намехоҳанд ба онҳо итоат кунанд, бо онҳо бархӯрдҳои дигар хоҳанд шуд", - гуфт ӯ.
* Созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.