ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Тарофаҳои навшуда аз ҳама бештар барои онҳое мувофиқанд, ки фаъолона хизматрасониҳои асосии алоқаро ба кор мебаранд – бисёр занг мезананд ва аз дастгоҳҳои мобилӣ вориди интернет мешаванд.
Силсилаи пешниҳодҳои ширкати “Анор” се тарофаи асосиро дар бар мегирад: “Диёр 30”, “Диёр 40” ва “Диёр 50”.
“Диёр 30” бо нархи 30 сомонӣ дар як моҳ акнун аз 300 дақиқаи зангҳо ба рақамҳои операторони дигар, зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака ва 4 000 Мб интернет иборат аст. Қаблан бо ҳамин нарх 25 дақиқа ва 2 000 Мб пешниҳод карда мешуд.
Дар тарофаи “Диёр 40” бо нархи 40 сомонӣ дар як моҳ миқдори дақиқаҳо ба шабакаҳои дигар қариб 12 маротиба зиёд шуда – ба ҷои 35 дақиқаи пешина 500 дақиқаро ташкил додааст. Ва албатта, зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака ва инчунин 6 000 Мб ва белимити шабона дохил карда шудаанд.
Ба “Диёр 50” зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабакаи “Анор”, белимити шабона, 600 дақиқа ба шабакаҳои дигар ва 8 000 Мб трафик (қаблан – 45 дақиқа ва 6 000 Мб) дохил шуда, нархи он ҳамагӣ 50 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад.
“Анор” – оператори мобилие, ки ба бозори Тоҷикистон дар оғози соли равон ворид гардид. Принсипҳои асосӣ – ҳеҷ гуна тавсифҳои мураккаб ва “ситорачаҳо”, танҳо хизматрасониҳои зарурӣ ва нархҳои муфид. Тарофаҳои оператори имкониятҳои дастрас барои ҳамаи сокинони Тоҷикистон ба сӯи хизматрасониҳои мобилӣ роҳ мекушояд!