Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Ҳавопаймоҳои Русия ба як бригадаи нерӯҳои вижаи Украина ҳамла карданд

Бомбаҳо ва мушакҳо ба нуқтаҳои ҷойгиршавии бригадаи 1-уми нерӯҳои махсуси Украина ва артиллеристҳо ба гаубитсаҳо ва миномётҳо зарба заданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Ҳавопаймоҳои Русия ба бригадаи 1-уми нерӯҳои вижаи Украина ҳамла карданд, хабар медиҳад РИА Новости.
Ба гуфтаи сардори маркази матбуотии гурӯҳи нерӯҳои ғарбӣ полковник Сергей Зибинский, зарба ба нуқтаҳои ҷойгиршавӣ тавассути бомбаҳо ва мушакҳо сурат гирифтааст.
Ҳавопаймоҳои ин гурӯҳ ба нуқтаҳои истиқрори муваққатии бригадаи 1-уми таъиноти махсус ва минтақаҳои тамаркузи ҳайати шахсӣ, аслиҳа ва техникаи ҳарбии бригадаҳои 14, 92 ва воҳидҳои мудофиаи ҳудудӣ зарбаҳои мушакӣ ва бомбаандозӣ анҷом доданд.
Амалиёти вижаи низомӣ: ба артиши Русия паҳнои амалиётӣ дар ғарби Артёмовск боз аст
Вай афзуд, ки дар самти Купянск дар мавзеи аҳолинишини Старитса ва Вишневое артиллерияи Русия ду экипажи миномётҳои душманро бо оташи гаубитсаи "Акатсия" ва "Мста-С" нобуд кард. Ҳамчунин дар қаламрави маҳалли аҳолинишини Лозавая ва Западная артиллериячиён ба гаубитсаҳои Д-20 ва Д-30-и душман ҳам зарба заданд.
Русия рӯзи 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".