ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Пайдо шудани ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Маскав ҳамлаи режими Киев аст, инро бояд дарк кард, гуфт котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков.
Ба гуфтаи ӯ, Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия ва системаи дифои ҳавоӣ, мақомоти минтақавӣ ҳангоми ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Маскав ва вилояти Маскав дуруст ва хуб кор карданд.
"Ҳама дуруст кор карданд. Онҳо хуб кор карданд. Системаҳои дифоъи ҳавоӣ низ хуб кор мекарданд", - гуфт ӯ ба хабарнигорон.
Дар посух ба ин суол, ки Кремл амнияти пойтахтро чӣ гуна арзёбӣ мекунад, Песков бори дигар таъкид кард, ки дифои ҳавоӣ ва вазорати дифоъ хуб кор кардаанд.
Ба таъкиди ӯ, чунин ҳолатҳо зарурати амалиёти вижа бори дигар тасдиқ мекунад.
"Ин бори дигар зарурати идомаи ин амалиёти махсуси низомӣ ва расидан ба ҳадафҳои гузошташударо тасдиқ мекунад" гуфт Песков.
Ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин ба Маскав ҳамчунин ба гуфти Песков посухи режими Киев ба зарбаҳои муассири Федератсияи Русия дар яке аз марказҳои қабули қарор дар рӯзи якшанбе аст.
"Маълум аст, ки сухан дар бораи вокуниши режими Киев ба зарбаҳои хеле муассири мо ба марказ, яке аз нуқоти тасмимгирӣ меравад. Ин зарба рӯзи якшанбе сурат гирифт", - гуфт Песков.
Ба иттилои вазорати дифои Русия, субҳи сешанбе Украина бо иқдомоти террористӣ бо истифода аз бесарнишинҳо ба иншооти Маскав ҳамла кард.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳамла ҳашт адад паҳбоди бесарнишини навъи ҳавопаймо истифода шуда, панҷтои он тариқи системаи дифоии ҳавоӣ дар вилояти Маскав зада шуда, се адади дигар тавассути дастгоҳи электронӣ пахш гардиданд ва аз ҳадафҳои пешбинишуда дур гардонида шуданд.