ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Артиши Эрон амнияти сарҳад бо Афғонистонро пурра таъмин мекунад, гуфт фармондеҳи қушунҳои хушкигарди артиши Эрон, генерал Каюмарс Ҳайдарӣ.
Дар ин бора бо такя ба фармондеҳии аршади Эрон, хабаргузории маҳаллии Tasnim хабар додааст.
Ҳайдарӣ ҳушдор додааст, ки бархӯрд дар марз дигар хоҳад шуд, агар ҷониби дигар қоидаҳоро риоя накунад.
"То даме, ки кишвари муқобил, ки бо мо марзи муштарак дорад, қоидаҳоро эҳтиром мекунад, эҳтироми мутақобила хоҳад дид, аммо агар касе эҳсос кунад, ки онҳо намехоҳанд ба қоидаҳо итоат кунанд, бо онҳо бархӯрдҳои дигар хоҳанд шуд", - гуфтаст фармондеҳ.
Қаблан дар бораи задухӯрд миёни марзбонони эронӣ ва толибҳо* дар посгоҳи Сосулӣ дар устони Сиистону Балуҷистони Эрон хабар дода шуда буд.
Ба иттилои нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, як сарбоз кушта ва ду нафари дигар захмӣ шудаанд.
Толибон * низ талафот доданд, аммо теъдоди талафоту маҷруҳон дақиқан хабар дода нашудааст.
Пештар Теҳрон ҳушдор дода буд, ки даргирӣ дар марзи Эрону Афғонистон ба нафъи ягоне аз ин ду тараф нест ва танҳо ба манфиати неоимпериалистҳо хоҳад буд.
Ахиран вазири дифои Русия, Сергей Шойгу гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қасд дорад аз зарфиятҳои ҷангҷӯёни афғон барои ноором кардани вазъ дар Осиёи Марказӣ истифода кунад.
Таҳдиди асосӣ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ аст, ки пас аз ба қудрат расидани толибон* мавқеъҳои худро дар Афғонистон ба таври қобили мулоҳиза таҳким бахшидаанд, гуфт ӯ.
*гуруҳи мамнуъ, ки барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳрими СММ қарор дорад