Дар Суғд амалиёти махсус гузаронда мешавад

Дар ҳудуди вилояти Суғд амалиёти махсуси зидди маводи мухаддир таҳти унвони "Кӯкнор-2023" гузаронда мешавад, ки чорабиниҳои мухталифро фаро мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Амалиёти "Кӯкнор-2023" дар вилояти Суғд давоми 6 моҳи оянда баргузор мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд иттилоъ дода, афзуд, ки амалиёти "Кӯкнор-2023" 1 июн оғоз карда шуда, то 30 ноябри соли ҷорӣ давом хоҳад кард.
Таъкид шудааст, ки ташкилу ҳамоҳангсозии амалиёт ба уҳдаи ситоди вилоятӣ гузошта шудаст.
"Барои ташкили кор, назорат ва ҳамоҳангсозии мақомоти дахлдор Ситоди вилоятии амалиёти "Кӯкнор-2023" ташкил гардида, барои гузаронидани амалиёт гуруҳҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таъсис дода мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Сабти 17 зани нашъаманд дар вилояти Хатлон: Шарҳи мақомот
Идораҳои марбута баҳри пешгирии истеъмоли маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор вазифадор гардиданд.
Шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъаовар миёни аҳолӣ чорабиниҳои маҷмӯии пешгирикунанда, таблиғотӣ ва маърифатӣ мегузаронанд.
Амалиёти Кӯкнор солҳои гузашта дар вилоятҳои дигари Тоҷикистон низ баргузор шудаст.
Мақсади он ошкор ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин баргузории чорабиниҳои маҷмӯии таблиғотӣ-пешгирикунанда миёни табақаҳои мухталифи аҳолӣ арзёбӣ мешавад.
Тибқи омори расмӣ, дар давоми соли 2022 мақомоти кишвар 4 тоннаю 160 кило маводи нашъаовар мусодира шудааст.