ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Русия хатари авҷ гирифтани даргириҳо дар марзи Эрон ва Афғонистонро намебинад.
Ин нуктаро намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, мудири департаменти дувуми Осиё дар вазорати умури хориҷаи кишвар, Замир Кобулов дар суҳбат бо РИА "Новости" баён доштаст.
"Фикр намекунам, ки чунин хатар вуҷуд дошта бошад. Чунин ҳодисаҳо қаблан низ бе оқибатҳои дарозмуддат рух дода буданд", - гуфтаст Кобулов дар посух ба саволи марбута.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран даргирӣ дар марзи Афғонистону Эрон рух дод, ки аз ҳарду ҷониб куштаю маҷруҳон барҷой гузошт. Теҳрон гуфт, чунин даргириҳо ба нафъи ягон тараф нест.
Фармондеҳи қушунҳои хушкигарди артиши Эрон, генерал Каюмарс Ҳайдарӣ изҳор дошт, ки феълан артиши кишвараш амнияти сарҳад бо Афғонистонро пурра таъмин мекунад, навишт хабаргузории Tasnim.
"То даме, ки кишвари муқобил, ки бо мо марзи муштарак дорад, қоидаҳоро эҳтиром мекунад, эҳтироми мутақобила хоҳад дид, аммо агар касе эҳсос кунад, ки онҳо намехоҳанд ба қоидаҳо итоат кунанд, бо онҳо бархӯрдҳои дигар хоҳанд шуд", - гуфтаст фармондеҳ.
Задухӯрд миёни марзбонони эронӣ ва толибҳо дар посгоҳи Сосулӣ дар устони Сиистону Балуҷистони Эрон рух дод. Ба иттилои нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, як сарбоз кушта ва ду нафари дигар захмӣ шудаанд.
Толибҳо низ талафот доданд, аммо дар мавриди теъдоди кушташудаю маҷруҳон дақиқан хабар дода нашудааст.