Путин қонун дар бораи бекор кардани шартномаи ҚММ дар Аврупоро имзо кард: чӣ паёмад дорад?

Шартнома дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи муқаррарӣ дар Аврупо барои Русия дигар дар бойгонбӣ монд ва даст кашидан аз он ҳеҷ паёмаде надорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки Аҳднома дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи муқаррарӣ дар Аврупоро (ДОВСЕ) бекор мекунад.
Ҳуҷҷати дахлдор дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Аҳдномаи мазкур соли 1990 дар Порис ба имзо расид ва соли 1999 дар нишасти САҲА дар Истанбул гузинаи навшудаи ин паймон ба имзо расид.
Созишномаи мутобиқшударо танҳо чаҳор кишвар - Русия, Беларус, Қазоқистон ва Украина ба тасвиб расонидаанд.
Силоҳи ҳастаии Русия дар Беларус ва интиқоли силоҳ ба Украина: хулосаи коршиносон
Соли 2007 Русия иштироки худро дар шарномаи мазкур "то даме, ки кишварҳои НАТО Созишномаи мутобиқшавӣро ба тасвиб нарасонанд ва ба иҷрои ин санад софдилона оғоз накунанд" мутаваққиф кард.
Дмитрий Песков, котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия гуфт, ҳеҷ гуна оқибатҳои мустақими бекор кардани шарномаи мазкурро аз ҷониби Русия набояд вуҷуд дошта бошад, механизм аллакай мурда буд, на бо айби ФР.
"Хуб, акнун набояд бевосита вуҷуд дошта бошад, зеро, дар асл, он аллакай, бигӯем, механизми беҷон, механизми мурда буд ва бовар кунед, ки бе айби Федератсияи Русия буд. Аз ин рӯ, ҳоло ҳеҷ оқибати мустақим нахоҳад дошт", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Танҳо пирӯзии Русия ба Аврупо суботро бармегардонад
Қаблан низ муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев зимни суханронӣ дар бораи қатъи шартномаи мазкур гуфт, ки ин санад кайҳо аҳамияти худро барои Русия аз даст додааст ва ҳоло ҳеҷ чиз монеа намешавад, ки силоҳро дар ҷое, ки мехоҳем, аз ҷумла дар қисми Русияи Аврупо ҷойгир кунем.
Ба гуфти муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков, бозгашт ба Шартнома дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи муқаррарӣ дар Аврупо ғайриимкон аст, танҳо пас аз он ки Ғарб аз сиёсати душманонаи худ даст кашад, баҳс кардан мумкин аст.
"Барои худ, мо аллакай Шартномаи мазкурро дар бойгонӣ гузоштем ва дар гузашта мондем. Дигар давлатҳо чӣ кор хоҳанд кард, барои онҳо савол аст", - гуфт дипломат.