Лавров гуфт, ки Русия бо кадом кишварҳо бо пули миллӣ тиҷорат хоҳад кард

Ба гуфтаи раҳбари вазорати хориҷаи Русия, гузаштан ба тиҷорат бо воҳидҳои пулии худӣ иқтисоди кишварҳои ҷаҳонро беҳтар хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки Федератсияи Русия бо кадом давлатҳо тиҷоратро бо пули миллӣ роҳандозӣ мекунад.
ба гуфтаи сиёсатмадор раванди долларзудоӣ ва гузариш ба асъорҳои миллӣ объективӣ мебошад, ки дар айни замой суръат мегирад.
"Ин на танҳо ба Африқо, балки ба Амрикои Лотинӣ, шарикони мо дар Осиё, бо Эрон, бо Ҳиндустон, бо Чин низ дахл дорад. Мо аллакай фаъолона ба ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ мегузарем. Ҳиссаи доллар пайваста коҳиш меёбад",- гуфт Лавров зимни нишасти матбуотӣ пас аз сафар ба Кения.
Тавре вазир афзуд, тахмин меравад, ки гузариш ба истифодаи воҳидҳои пулии худӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ, ба муносибатҳои тиҷорати байналмилалӣ ва сармоягузорӣ таъсири шифобахш хоҳад дошт.
Қаблан "Внешэкономбонк" аз ҳукуматҳои Русия ва Чин даъват карда буд, ки ташкили низоми муассири ҳисоббаробаркуниҳои мутақобиларо бо рубл, юан ва асъори кишварҳои дигари узви СҲШ ва БРИКС суръат бахшанд.
СҲШ барои гузаштан ба ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ омодагӣ мегирад
"Мо ҳам аз ҳукумати Русия ва ҳам шарикони мо аз Чин даъват мекунем, ки ҳарчи фаъолтар амал кунанд, то ҳарчи зудтар чунин зерсохтор пайдо шавад", - гуфт Игор Шувалов, раиси бонк.
Амиқсозии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бидуни эҷоди инфрасохтори комилан нав барои шарикии иқтисодии давлатҳо ғайриимкон аст, таъкид кард ӯ.